Август 11, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Соли гузашта фурӯши фулизоти гаронбаҳо 41.7 дарсад аз кулли содироти Тоҷикистонро ба худ ихтисос дода буд
    Соли гузашта фурӯши фулизоти гаронбаҳо 41.7 дарсад аз кулли содироти Тоҷикистонро ба худ ихтисос дода буд

Мизони содироти фулизоти гаронбаҳо аз Тоҷикистон дар нимаи аввали соли ҷорӣ нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 41 дарсад коҳиш доштааст.

Ба гузориши Садои Хуросон, дар 3 моҳи дуввуми соли ҷорӣ даромад Тоҷикистон аз фурӯши фулизоти гаронбаҳо 40.6 миллион доллар буда,ки муодили 58.8 дарсад шохиси соли гузаштааст.

Дар моҳҳои  июн- июли соли гузашта мизони фурӯши фулизоти гаронбаҳо 69 миллион доллар баровард шуда буд.

Бар асоси гузориши Вазорати санойеъ ва фанновариҳои навини Тоҷикистон, дар ин кишвар 18 ширкат дар бахши истихроҷи талло фаъолият мекунанд.

Соли гузашта фурӯши фулизоти гаронбаҳо 41.7 дарсад аз кулли содироти Тоҷикистонро ба худ ихтисос дода буд.

Дар ин давра 896.6 миллион доллар фулезоти гаронбаҳо фурӯхта шуда, ки нисбат ба соли 2020 мелодӣ 30 дарсад бештар будааст.

 

 

 

Барчасп