Дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Рушди Олмон
(last modified Sat, 13 Aug 2022 14:36:10 GMT )
Август 13, 2022 19:36 Asia/Dushanbe
  • Дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Рушди Олмон
    Дидори вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Рушди Олмон

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо намояндагони Бонки Рушди Олмон дидор кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Завқи Завқизода ва Андреас Шнайдер дар мавриди ҷазби кумакҳои моллӣ барои рушди минтақа гуфтугӯ карданд.

Ҳамчунин тарафҳо дар мавриди ҷазби кумакҳои билоиваз ва коҳиши асароти манфии тағироти иқлими гуфтугӯ карданд.

Завқи Завқизода хотирнишон кард, ки равобити байни Тоҷикистон ва Олмон ба сатҳи сифати нав расида аст.

Бонки Рушди Олмон қарор аст тасҳилоти билоиваз ба маблағи 17.4 миллион евра барои иҷрои тарҳи аҳдоси бинои неругоҳи барқи Себзор дар вилояти Бадахшон ба мақомоти Тоҷикистон эъто кунад.

Ҳамчунин Бонки Рушди Олмон 7.4 миллион евра баро навсозии ин неругоҳ ихтисос дода аст.