Таъини яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони муовини намояндаи доими барномаи тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Қазоқистон
(last modified Wed, 17 Aug 2022 06:23:50 GMT )
Август 17, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  • Таъини яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони муовини намояндаи доими барномаи тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Қазоқистон

Яке аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони муовини намояндаи доими барномаи тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Қазоқистон таъин шуд .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, пеш аз ин Ҳоҷиматов ба унвони муовини дафтари ин созмон дар Туркия ва раиси барномаи тавсеаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Озарбойҷон фаъолият мекард .
Суҳроб Ҳоҷиматов 25 сол таҷриба дар бахшҳои тавсеаву мудирияти пружаҳои дар созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ дорад .
Вай фориғуттаҳсили ҳуқуқ аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст ва таҳсилоти худро дар донишгоҳҳои Маскав ва Амрико идома дод .
Ӯ кори худро ба унвони бозпурс дар додситонии кули Тоҷикистон оғоз кард ، аммо хеле  зуд ба созмонҳои байналмиллалӣ рафт .