Август 28, 2022 16:18 Asia/Dushanbe
  • Тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, меҳвари дидори мақомоти Қирғизистон ва Тоҷикистон

Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон ва масъулони вилояти Бадахшони ин кишвар бар густариши равобити ду ҷонибаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ таъкид карданд.

Эрлан Абдилдаев, сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши тиҷорати сармоягузории байнилмилалии “Помир Инвест 2022” дар шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшони Тоҷикистон бо Мирзонаботов, раис ва муовини ин вилоят дидор ва дар бораи равобити дуҷониба гуфтугӯ кард.

Дар ин дидорҳо, ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи байни минтақаии Уши Қирғизистон ва минтақаи Худмухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон мавриди баҳсу қарор гирифт.

 

Барчасп