Август 29, 2022 18:29 Asia/Dushanbe
  • Азсаргирии содироти ангиштсанги Тоҷикистон ба Покистон аз тариқи Афғонистон

Тоҷикистон арзаи ангиштсанг ба Покистон аз тариқи Афғонистонро аз сар гирифт .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Форс, Муҷоҳиди Муҷоҳидзода-раиси гумруки Шерхон Бандари Афғонистон гуфт: Ангиштсанги содиротӣ аз Тоҷикистон набояд дар Афғонистон тахлия шавад, балки бояд ба Покистон ирсол шавад .Бар асоси маълумоти гумруки Шерхон Бандар  таи як шабонарӯз аз ин шаҳр 100 - 120 мошини ҳомили ангиштсанги Тоҷикистон гузар мекунанд .
Ба гуфтаи ронандагони мошинҳои боркаш  дар тӯли масир ҳеҷ гуна кормузди ғайриқонунӣ ситонда намешавад ва маҳмӯла бидуни таъхири ғайримуваҷҷаҳ ба мақсад мерасад .
Илова бар ангиштсанг,семент ва арматура аз Тоҷикистон ба Афғонистони ворид ва аз Афғонистон ба ин кишвар сабзиҷоту меваҷот ворид мешавад .
 

 

Барчасп