Дидори сафирони Русия ва Тоҷикистон дар Маскав
Давлатшо Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо сафири ҷадид ва фавқулодда ва мухтори Русия дидор ва гуфтугу кард.
Ба гузориши сомонаи Азия плюс, Давлатшо Гулмаҳмадзода, сафири Тоҷикистон дар Русия бо Семён Григорев, сафири тозаи мансуб шудаи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор кард.
Дар ин гуфтугу, дипломатҳо дар мавриди вазъият ва чашмандози кулли маҷмуъаи шарикии роҳбурдии Тоҷикистону Русия ва равобити ҳампаймонон гуфтугу карданд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, Семён Григоревро ба унвони сафири ҷадид ва мухтори Русия дар Тоҷикистон мансуб ва Игор Лякин-Фроловро аз ин симат барканор кард.
Семён Григорев аз соли 1983 дар вазорати умури хориҷаи Русия кор мекунад.
Вай аз соли 2006 то 2008 мушовири вазири сафорати Русия дар Афғонистон буд.