Тими миллии ҷудуи Эрон ба Тоҷикистон меравад
Сентябр 06, 2022 08:50 Asia/Dushanbe
Тими миллии ҷуду (дзюдо)и Эрон барои ҳузур дар мусобиқоти Ҷоми раёсати ҷумҳурӣ ба Тоҷикистон даъват шуд .
Ба гузориши гуруҳи варзишии Якто, федерасиюни ҷудуи Тоҷикистон бо ирсоли даъватномае ба Теҳрон, тими миллии ҷудуи Эронро барои ҳузур дар мусобиқоти Ҷоми раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кардааст .
Ин рақобатҳо таии рӯзҳои 27 то 29 шаҳривармоҳ ( 18 то 20 сентябр ) баргузор хоҳад шуд .
Тибқи барномарезии Федерасиюни ҷудуи Тоҷикистон ин мусобиқот дар панҷ вазни 66 – килограм, 81 – килограм, 90 – килограм, 100 килограм ва аз 100 килограм бештар баргузор хоҳад шуд .
Тибқи тасмими Федерасиюни ҷуду ба нафароти аввал то сеюм ба тартиб ، 4 ҳазор доллар, 2 ҳазор доллар ва 1 ҳазор доллар пардохт хоҳад шуд .
Бештар бихонед :