Коҳиши мизони кумакҳои башардӯстонаи кишварҳо ба Тоҷикистон
Сентябр 12, 2022 14:36 Asia/Dushanbe
Тоҷикистон тайи 7 моҳи соли ҷорӣ ба арзиши 82. 9 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт кард.
Тайи ин муддат 56 кишвар ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ироа карданд.
Агентии давлатии омори Тоҷикистон тайи баёнияе эълом кард, кумакҳои дарёфтшуда бештар дору, таҷҳизоти пизишкӣ ва маҳсулоти ғизоие монанди орду равғани наботӣ будааст.
Амрико бо саҳми 39. 6 миллиондолларӣ дар садри феҳристи кишварҳое аст, ки ба Тоҷикистон кумакҳои башардӯстона ироа кардааст.
Ҳамчунин Чин бо 28. 7 дарсад ва Ҷопон бо 4. 9 дарсад баъд аз Амрико қарор доранд.
Тоҷикистон ба унвони узви кишварҳои ИДМ соли гузаштаи мелодӣ низ аз 62 кишвар ба арзиши 111 миллион доллар кумаки башардӯстона дарёфт карда буд.