Сентябр 12, 2022 17:57 Asia/Dushanbe
  • Сафари ҳайати тоҷирони вилояти Хатлон ба Туркия
    Сафари ҳайати тоҷирони вилояти Хатлон ба Туркия

Ҳайати тоҷирони вилояти Хатлон ба Туркия сафар кард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, раёсати ҳайати тоҷирони вилояти Хатлонро Қурбон Ҳакимзода раиси вилоти Хатлон бар уҳда дорад.

Ҳадаф аз ин сафар эҷоди ҳамкориҳои судманд, густариши равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ бо минтақаҳо ва шаҳрҳои Ғози Интоб, Қаҳрамон Маръаш, Бурсо ва Истанбул аст.

Гуруҳи 60 нафар то 18 сентябр дар Туркия ҳастанд, ин ҳайт аз корхонаҳои саноати аз ҷумла бофандагӣ, қобилофи, тавлиди пояфзол, тавлиди мебел ва маҳсулоти ғизоӣ ва фаровариҳои маводи аввалияи мухталиф боздид мекунанд.

 

Барчасп