Сентябр 19, 2022 09:06 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди куштаву захмиҳо дар даргирии марзӣ
    Теъдоди куштаву захмиҳо дар даргирии марзӣ

Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар баёнияе аз афзоиши куштаву захмишудагони даргириҳои марзӣ миёни неруҳои қирғизистониву тоҷикистонӣ ба 186 нафар хабар дод.

Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 984 километр марзи муштарак доранд ва аз замони фурӯпошии Иттиҳоди ҷамоҳири Шуравӣ то моҳи майи 2021 ин ду кишвар танҳо бар сари марзбандии ҳудуди 600 километр ба тавофуқ расидаву марзбандӣ ва тавофуқ бар сари мобақии дигари он ҳамчунон дар дасти баррасӣ аст.

Мақомоти Тоҷикистон дар нахустин рӯзи даргирӣ иттилоъ доданд, ки тарафи қирғиз ба дархости онҳо барои музокирот ва эъломи оташбас ҳеч посухе надодааст.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар баёнияе эълом кард, ки теъдоди кушташудагони ин кишвар дар даргирии марзӣ бо Тоҷикистон ба 46 нафар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин дар баёнияи содира аз сӯи Вазорати беҳдошти Қирғизистон дар ин хусус омадааст, ки 140 нафар ҳам дар ин даргириҳо маҷруҳ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, давлати Тоҷикистон низ эълом кард, дар пайи оғози даргириҳо миёни неруҳои ин кишвар ва Қирғизистон 24 нафар ҷони худро аз даст доданд ва 121 тан ҳам захмӣ шуданд.

Даргириҳои ҷадид байни ду кишвар рӯзи чаҳоршанбеи 14 сентябр оғоз шуд ва ҷонибҳо рӯзи 16 сентябр оташбас эълом карданд, аммо пас аз ду соати оташбас тарафи Тоҷикистон гузориш дод, ки тарафи қирғиз бо ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ оташбасро нақз кардааст. Ин дар ҳолест, ки Қирғизистон Тоҷикистонро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунад.

 

Барчасп