Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Кувайт
Сентябр 21, 2022 14:23 Asia/Dushanbe
Баррасии роҳҳои тақвияти ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт баррасӣ шуд.
Дар мулоқоти Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон бо Асил Сулаймон Саъд Ал Мунифӣ, муовини вазири дорои давлати Кувайт заминаҳои ҷадиди ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ баҳсу баррасӣ шуд
.Дар ин мулоқот тарафайн дар бораи имкони сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ва ҳимоят аз сармоягузорӣ дар солҳои тавсеаи саноат (2022-2026) ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба табодули назар карданд.
Дар айни ҳол иттилооте дар хусуси ҳавзаҳои сармоягузории авлавиятдори Тоҷикистон ба тарафи кувайтӣ ироа шуд.
Барчасп