Сентябр 22, 2022 16:49 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Тоҷикистон ба иттиҳомоти Қирғизистон
    Эътирози Тоҷикистон ба иттиҳомоти Қирғизистон

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон иттиҳомоти матраҳшуда аз сӯи давлати Қирғизистон мабнӣ бар ба коргирии унсурҳои ҷараёни такфирӣ-террористӣ дар даргирии марзии ахирро беасос донист.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон рӯз чаҳоршанбе 21 сентябр бо судури баёнияе дар вокуниш ба изҳороти дабири Шӯрои олии амнияти миллии Қирғизистон эълом кард: Ин изҳорот сохтаву дуруғин ва баргирифта бар дасткорӣ ва таҳрифи ҳақоиқ буда ва бо ҳадафи гумроҳ кардани афкори умумии ду кишвар матраҳ шудааст.

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамчунин ҳушдор дод: Чунин суханони нодуруст метавонад вазъиятро дар ин даврони сахт барои мардуми ду кившар ноором кунад ва масъулияти он бар уҳдаи касоне аст, ки ин изҳоротро матраҳ мекунанд.

Дар ин замина Марат Имонқулов, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Қирғизистон дар нишасти фавқулода дар бораи танишҳои марзии бо Тоҷикистон зимни матраҳ кардани ин эҳтимол, ки нерӯҳои такфири-террористӣ дар миёни нерӯҳои марзии тоҷик ҳузур доштанд, гуфта буд: Бархе аз низомиёни қирғиз бераҳмона кушта шуданд ва ин падида эҳтимолан нишонае аз ҳузури нерӯҳои созмонёфтаи ифротӣ ва террористӣ дар ин даргириҳост. 

Бино бар оморҳои  мунташиршуда даргирии миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон, дар марз талафоти зиёди ҷониву молӣ бар ҷой гузошта аст. 

Ин ҳақиқатро набояд нодида гирифт, ки панҷ Ҷумҳӯрии истиқлол ёфта аз Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ дар Осиёи Марказӣ, ки ҳамагӣ қарор доранд, дар тӯли се даҳҳаи гузашта ҳамвора бо мушкилоте дар марзҳои муштарак бо кишварҳои ҳамдигар мувоҷҷеҳ ҳастанд ва умдатан ин даргириҳо заминаҳои куштор ва ошкор шудани талафоти инсониро дар пай доштааст.  Ба иборати дигар фиқдони маҳдудаи марзӣ номушахас будани ҳудуди маразҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, марзбонони ин кишварҳо борҳо бо якдигар даргир шудаанд.  Ҷудо аз наҳваи даргириҳои марзӣ ва навъи таслиҳоти ба кор рафта миёни тарафҳои ҷанг ва навъи куштор, бояд гуфт: Решаҳои аслии даргириҳоии марзӣ аз таърихи гузаштаи ин кишварҳои ноши мешавад. Дар воқеъ решаи ихтилофот бар сари марзҳои Ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ аз марзбанди миён ин кишваҳо тавассути сиёсатмадорони Иттиҳодияи Шуравӣ ноши мешавад.

Ба ҳаммин далел мушкилоти марзи кишварҳои ин минтақа пас аз се даҳҳа истиқлол, ҳамчунон заминаи бурузи танишҳои шаддиди марзиро фароҳам мекунад. Бурузи ин танишҳо сабаби мешавад кишварҳои салтагари бегона ба осони ҳузӯр ва нуфӯзи худро дар Осиёи Марказӣ густариш диҳанд. Дар ин шароит бисёре аз соҳибназарон ва коршиносони масоъили Осиёи Марказӣ муътақиданд далели асли ва воқеъии тадоввуми мушкилоти марзии кишварҳзои ин минтақа ва побарҷо монадни ин муъзалоти хисоратбор, ба далели фиқдони иродаи сиёсии сарони Ҷумҳӯриҳои Осиёи Марказӣ барои поён додани ихтилофоти марзӣ аст.

 Ба эътиқоти соҳибназарони масоъили стратежики, минтақаи жеополетик ва паҳновари Осиёи Марказӣ дар қалби Авру Осиё дар зоҳири умур аз оромиши нисби бархурдор аст.  Аммо вуҷӯди ихтилофоти марзӣ ва қавии барҷой монда аз Иттиҳоди Шуравӣ, ин минтақаро  масобеи оташфишонии хуфта ташбеҳ кардааст, ки ҳар лаҳза имкони фаварон дорад. Дар воқеъ бо вуҷӯди оромиши нисби, минтақаи Осиёи Марказӣ, ҳар лаҳза имкони бурузи ноамни ва бесуботиро дорад. Дар ин миён минтақа Осиёи Марказӣ шомили Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон, Туркманистон, ва Қазоқистон ба далели мушкилоти марзӣ, равобиташон ҳамвора дастхуши тағироте мешавад ва ин мавзӯъ баҳонае барои дахолати муғризонаи қудратҳои минтақаӣ ва фароминитақаӣ дар Осиё Марказӣ фароҳам мекунад. Ихтилофот ва марзбандиҳои дохилӣ ва маҳаллии ин Ҷумҳӯриҳо дар даврони тасаллути Иттиҳоди Шуравӣ бар онҳо дар саддаҳои 19 ва 20 мелодӣ, акнун баъд аз гузашти се даҳҳа аз истиқлолашон, ҳамчуноне ҳалнашудани мондааст.

Бо мурӯр ба воқеаҳои гузашта, ин ҳақиқат мушахас мешавад, ки дар тақсимбандии қаламрави Осиёи Марказӣ дар даҳҳаи 1920 мелодӣ тавассути давлати вақти Шуравӣ тоҷикҳо аз дигар ақвоми Осиёи Марказӣ зиён дидаанд. Зеро устонҳои тоҷикнишин Самарқанд, Бухоро, Сурхон Дарё ва бахше аз водии Фарғона ба Узбакистон вогузор шудааст дар як ҷамъбандии кулли бояд гуфт:  Сиёсатмадорони ҳоким бар Тоҷикистон ва Қирғизистон ба далели вазъияти марзҳои дукишвари ҳамсоя, то замоне, маҳдудаҳои марзии мушахасшуда надошта бошанд, ҳамчунон бояд мунтазири даригириҳои марзбонон ва марзнишинони худ бошанд.