Ширкати мақоми тоҷик дар Маҷмаи байналмилалии дӯстии байни мардуми Чин ва Осиёи Марказӣ
(last modified 2022-09-29T07:32:57+00:00 )
Сентябр 29, 2022 12:32 Asia/Dushanbe
  • Анҷумани Осиёи Марказӣ ва Чин
    Анҷумани Осиёи Марказӣ ва Чин

Ноиби раиси маҷлиси Тоҷикистон дар Маҷмаи байналмилалии дӯстии байни мардуми Чину Осиёи Марказӣ ширкат кард.

Дилрабо Мансурӣ дар ин маросим гуфт, Анҷумани Осиёи Марказӣ ва Чин дар муддати кӯтоҳе аз фаъолият ба натоиҷи қобили таваҷҷуҳе даст ёфтааст.

Вай афзуд, аввалин нишасти сарони кишварҳои ширкаткунанда дар гуфтугӯи «Осиёи Марказӣ ва Чин» бо муваффақият ба сурати маҷозӣ баргузор шуд.

Ноиби раиси маҷлиси Тоҷикистон дар суханони худ бар тақвияти дӯстӣ, ҳимояти мутақобил, тавсеаи равобит дар бахшҳои мухталиф, иттихози тадобири музоаф дар ҷиҳати густариши тиҷорату афзоиши ҳаҷми мубодилоти коло ва ҳамчунин эҷоди шароити лозим барои ҷазби фаъоли сармоягузории мутақобил таъкид кард.

Дилрабо Мансурӣ гуфт: Мо бар ин ақида ҳастем, ки ҳамкории тарафайнро дар ростои тағйири иқлим фаъол кунем то таъсири манфии паёмадҳои он бар иқтисоди кишварҳои минтақаро аз байн бибарем.