Пешниҳоди мудирони ширкатҳои сохтмонӣ ба вазири кори Тоҷикистон барои ҷазби корманд дар сохт нерӯгоҳи “Роғун”
(last modified 2022-09-29T07:33:37+00:00 )
Сентябр 29, 2022 12:33 Asia/Dushanbe
  • Нерӯгоҳи Роғун
    Нерӯгоҳи Роғун

Мудирони ширкатҳои сохтмонӣ ба вазири кори Тоҷикистон барои ҷазби корманд дар сохти нерӯгоҳи “Роғун” пешниҳод ироа карданд.

Ин матлаб дар дидори теъдоде аз мудирони ширкатҳову паймонкорони эҳдосу такмили нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо Ширин Амонзода, вазири кори Тоҷикистон матраҳ шуд.

Дар ин мулоқот намояндагони ширкатҳои сохтмонӣ пешниҳодотеро ба вазири кори Тоҷикистон дар мавриди шароити кор, афзоиши ангезаву истифода аз соири роҳҳои ҷазби корманд ироа карданд.

Ширин Амонзода ҳам дар ин мулоқот аз илзомоти паймонкорони “Роғун” барои мутахассисон, ҷазби ҷуяндагони кору эҷоди ангеза дар коркунон матолиберо баён кард.

Лузуми бознигарӣ дар созукори ҷазби неру дар канори баргузории намоишгоҳҳо ба манзури ҷазби системии ҷӯстани кор бо ҳамкории корфармо аз дигар матолиби Амонзода дар ин ҷаласа буд. Дар айни ҳол муқарар шуд намоишгоҳҳои кор бо ҳамкории вазорати кори Тоҷикистон баргузор шавад.

“Роғун” бузургтарин нерӯгоҳи барқи обии Тоҷикистон аст, ки дар 110 километрии шарқи Душанбе қарор дорад ва зарфияти тавлиди он 13. 1 миллиард киловатт соат барқ дар сол аст.

Иртифои сад 330 метр ва ҳаҷми махзан 13. 3 миллиард метри мукааб аст. Дар сурати ҷазби сармояи хориҷӣ такмили сохти ин нерӯгоҳ дар соли 2033 имконпазир хоҳад шуд.