Сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Турсунзода
(last modified Mon, 03 Oct 2022 09:49:05 GMT )
Октябр 03, 2022 14:49 Asia/Dushanbe
  • Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Турсунзода
    Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Турсунзода

Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноҳияи Турсунзода сафар кард.

Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода бо раванди бардошти биринҷ дар мазрааи «Ислом» ошно шуд ва аз намоиши маҳсулоти ғаллот дидан кард.

Мазрааи "Ислом" дар деҳаи Ҷӯра Раҳмонов воқеъ шудааст. Ин мазрааро соли 2000 хонаводаи Бобохонов таъсис карданд ва 1. 2 гектар вусъат дорад.

Яке аз маҳсулоти аслӣ ки дар мазрааи «Ислом» кишт мешавад, биринҷ аст ва имсол 0. 60 гектар аз ин навъи маҳсул кишт шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон дар боздид аз раванди бардошти биринҷ дар мазрааи «Ислом» аз кишоварзон ба манзури истифодаи беҳинаву мантиқӣ аз замин, тавлиди ғизо ва ҳимоят аз сиёсати арзӣ ташаккур ва қадрдонӣ кард.

Раиси давлати Тоҷикистон ҳамчунин аз намоишгоҳи маҳсулоти ғаллот ҳам боздид кард.

Дар намоишгоҳ коргарон маҳсулоти худ, аз ҷумла анвои биринҷ, ҷав, гандум, пахта, арзан, нахуд ва лубиёро ба намоиш гузоштанд.