Октябр 11, 2022 14:12 Asia/Dushanbe
  • Марҳилаи фаъоли ин размоиш рӯзҳои 17 то 21 октябр дар устони Хатлон баргузор мешавад
    Марҳилаи фаъоли ин размоиш рӯзҳои 17 то 21 октябр дар устони Хатлон баргузор мешавад

Созмони амнияти паймони ҷамъи аз баргузории размоиши низомии муштарк бо мушорикати нерӯҳои ҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи марказӣ таҳтии унвони марзӣ 2022 дар хоки Тоҷикистон, хабар дод.

Ба гузориши Садои Хуросон, рӯзҳои  10 то 21 октябри соли ҷорӣ, ба мизбонии Тоҷикистон размоиши низомии муштараке бо шуморикати нерӯҳои чамъи истқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ, баргузор мешавад.

Бинобар гузориши маркази матбуотии Созмони паймони амнияти ҷамъи мавзӯъи размоиши мазкур омодасозӣ ва анҷоми иқдомоти размии нерӯҳои ҷамъии истиқрори сареъи минтақаи Осиёи Марказӣ барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусалаҳи ғайри қонуни, ки ба қаламрави яке аз кишварҳои узви Созмони паймони амнияти ҷамъии ҳамла кардаанд, мебошад.

Марҳилаи фаъоли ин размоиш рӯзҳои 17 то 21 октябр дар устони Хатлон баргузор мешавад.

Барномарези шудааст, ки дар размоиши "марзии-2022" дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор нафар ширкат кунанда ва беш аз 300 таҷҳизоти ниҳзомии вижа аз ҷумла ҳавопаймо, болгард ва ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин мавриди истифода қарор гирад.

Пеш аз ин, рӯзҳои 3 то 7-уми октябр тамриноти низомии Созмони паймони амнияти ҷамъи таҳти унвони "таъомул-2022"  "қатор-2022" ва "ҷустуҷуи-2022" ба мизбонии Қазоқистон дар ду майдони омӯзишии устони  Жомбили ин кишвар баргузор шуданд.

 

 

Барчасп