Қатори транзитии Тоҷикистон ба самти Эрон ба роҳ афтод
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i93038
Муовини ҳамлу нақли вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон аз эъломи омодагии Эрон барои афзоиши транзити коло ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Октябр 23, 2022 18:24 Asia/Dushanbe
  • Қатори транзитии Тоҷикистон ба самти Эрон ба роҳ афтод

Муовини ҳамлу нақли вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон аз эъломи омодагии Эрон барои афзоиши транзити коло ба кишварҳои Осиёи Марказӣ хабар дод.

Шаҳриёри Афандизода гуфт, дар маросиме, ки дар шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон анҷом шуд, аввалин қатори транзитии Тоҷикистон ба Эрон аз тариқи Узбекистону Туркманистон бо мақсади Туркия ҳаракат кард, ки метавонад дар оянда бо интиқоли бори транзитии Чин аз масири Қазоқистон ё Туркманистон ба самти Озарбойҷон, Гурҷистон ба Туркия ва Аврупо ба масири транзитии убӯрӣ аз Эрон тақвият шавад.

Муовини ҳамлу нақли вазорати роҳу шаҳрсозии Эрон афзуд: Кишварҳои Осиёи Марказӣ нақши муҳиммеро барои афзоиши транзити коло аз Эрон метавонанд дошта бошанд.