Ҷашнвораи филмҳои кореяӣ дар Душанбе баргузор мешавад
(last modified Fri, 28 Oct 2022 14:03:53 GMT )
Октябр 28, 2022 19:03 Asia/Dushanbe
  • Филмҳои кореӣ дар меҳмонии Душанбе
    Филмҳои кореӣ дар меҳмонии Душанбе

Аз 29 октябр то 4 ноябри соли ҷорӣ «Ҷашнвораи филмҳои кореяӣ дар Тоҷикистон – 2022» дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки ба сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистону Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ ихтисос дорад.

Сафири Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки ин ҷашнвора ба табодули таҷрибиёти ду кишвар дар заминаи ҳунари синамоӣ ва густариши бештари он кумак мекунад.

Ба гузориши “Ховар”, ба нақл аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими ифтитоҳияи ин ҷашнвора соати 18: 00 рӯзи 29 октябр бо ҳузури масъулони Вазорати умури хориҷа, Вазорати фарҳанг, мақомоти синамо ва намояндагони дипломатӣ баргузор мешавад.