Афзоиши 22 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Русия
(last modified Sat, 05 Nov 2022 12:10:03 GMT )
Ноябр 05, 2022 17:10 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 22 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Русия

Мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистону Русия дар 8 моҳаи соли ҷории милодӣ нисбат ба давраи мушобеҳи соли гузашта бо афзоиши 22 дарсадӣ ба 922.6 миллиондоллар расидааст.

Бино бар суханони Дмитрий Вольвач, муовини вазорати тавсеаи иқтисоди Русия, равобити ин кишвару Тоҷикистон ва пуёии тамосҳо дар ҳамаи сутуҳ бо ин кишвар рӯ ба афзоиш аст. Мубодилаи тиҷорӣ байни ду кишвар дар соли 2021 тақрибан 45 дарсад нисбат ба соли 2020 афзоиш ва ба 1.2 миллионддоллар расида буд.
Вай идома дод, бар асоси натоиҷи ҳашт моҳаи аввали соли ҷорӣ, тиҷорати дуҷонибаи Русия ва Тоҷикистон нисбат ба муддати мушобеҳи соли 2021 беш аз 22 дарсад афзоиш дошта ва 922.6 миллиарддолларро ташкил додааст.
Муовини вазорати тавсеаи иқтисоди Русия ҳамчунин ба масоили марбут ба ҳузури сармоягузории тоҷирони ин кишвар дар Тоҷикистон ишора кард.
Бинобар суханони вай, қонун дар мавриди ҳимоят аз ҳуқуқи сармоягузорон дар ҳоли тавсеа ва қавонини молиётӣ дар ҳоли тағйиранд. Барои мисол, аз аввали январи соли 2022 қонуни молиётии ҷадиде дар Тоҷикистон ба иҷро даромад, ки коҳиши теъдод пардохтҳои молиётӣ ва ҳамчунин коҳиши тадриҷии нархи молиёт бар арзиши афзударо пешбинӣ мекунад.