Имзои вазири хориҷаи Тоҷикистон дар дафтари ёдбуди шуҳадои ҳарами Шоҳчароғ
(last modified Fri, 11 Nov 2022 12:22:01 GMT )
Ноябр 11, 2022 17:22 Asia/Dushanbe
  • Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғро маҳкум кард
    Вазири хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаи террористӣ ба Шоҳчароғро маҳкум кард

Вазири хориҷаи Тоҷикистон дафтари ёдбуди шуҳадои ҳарами Шоҳчароғро дар Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо кард.

Ба гузориши сайти давлати Эрон, Сироҷиддини Муҳриддин рӯзи панҷшанбе бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар Душанбе - пойтахти Тоҷикистон, дафтари ёдбуди шуҳадои ҳодисаи террористии ҳарами Шоҳчароғро имзо кард.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугӯ бо Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон маротиби ҳамдардӣ ва таслияти давлати Тоҷикистонро ба давлату миллати Эрон иброз ва ин ҳодисаи террористиро маҳкум кард.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде пеш бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии Эрон ҳамдардӣ ва таслияти худро ба Сайид Иброҳими Раисӣ иброз дошт ва ин ҳамлаи террористиро маҳкум кард.

Ғуруби рӯзи чаҳоршанбе (чаҳоруми обони 1401) фарди мусаллаҳ зоирону ходимони ҳарами мутаҳҳари ҳазрати Шоҳчароғ (а) дар шаҳри Шерозро тирборон кард, ки ин ҳамлаи террористӣ 13 шаҳид ва 30 маҷруҳ дар пай дошт.

Вазорати иттилооти Эрон низ 16 обони 1401 (7 ноябр) дар дуюмин иттилоияи худ дар бораи ҳодисаи террористии Шоҳчароғ эълом кард, ки то кунун 26 террористи такфирии вобаста ба гуруҳи ДИИШ дар устонҳои Форс, Теҳрон, Албурз, Кирмон, Қум ва Хуросони Разавӣ мавриди таъқиб қарор гирифтаву дастгир шудаанд. Теъдоде аз онҳо низ дар марзҳои шарқӣ ва ҳангоми фирор аз Эрон боздошт шудаанд.