Ноябр 12, 2022 13:35 Asia/Dushanbe
  • Дархости тоҷикҳо аз Эрон барои осонсозии гардишгарӣ ва коҳиши нархи парвозҳо

Муовини гардишгарии Вазорати мироси фарҳангӣ дар сафараш ба Тоҷикистон аз дархости масъулони ин кишвар барои осонсозии гардишгарӣ ва коҳиши нархи парвозҳо хабар дод .

Алиасғари Шолбофиён дар дидор бо Тоҷиддин Ҷуразода,раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон,Камолиддин Муъминзода,муовини аввали раис ва Салим Давлатзода,мудири бахши муносибатҳои байналмилалии Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон хостори тақвияту тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон дар ин дидорҳо масъӯлони гардишгарии Эрону Тоҷикистон бар тавсеаи равобити гардишгарӣ таъкид доштанд ва бар асоси мулоқотҳое, ки аз қабл доштанд таъкид бар ин буд ки мулоқотҳо мунҷар ба имзои қарордод ва барномаҳои амалиётии байни бахшҳои хусӯсӣ шавад ва бо бардоштани монеъаҳо роҳҳои ҳамкории ин ду кишвар дар ҳавзаи гардишгарӣ тақвият шавад .
Дар ин нишаст ҳамчунин дар хусӯси ҳамкориҳои гардишгарӣ, хусӯсан табодули иттилооти гардишгарӣ, ба хусӯси иттилооти бахшҳои хусӯсии ду кишвар, гардишгарии саломат, интиқоли таҷрибаи Эрон ба Тоҷикистон дар заминаи меҳмонхонадорӣ, стандартҳо ва ғайра музокира шуд ва масъӯлони Тоҷикистон пешниҳод доданд, ки давраи омӯзишӣ барои ҳамкорони тоҷик дар Эрон ба сурати вебинар ва ё ҳузурӣ баргузор шавад .
Дар ин нишаст ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба барқарории парвози байни ду кишвар аз мақсади Машҳаду Теҳрон ба шаҳри Душанбе, ки ба сӯрати ду рӯз дар ҳафта анҷом мешавад, масъӯлони Тоҷикистон дархости осонии парвозҳову коҳиши нархро бо ҳадафи афзоиши теъдоди парвозҳоро доштанд .
Лағви виза барои ду тараф ба манзури ҷазби гардишгарӣ бештар ва осонии рафту омади ҷодаӣ ва рейлӣ меҳвари баъдии нишасти масъӯлони гардишгарии Эрону Тоҷикистон буд, ки бо таъкид бар анҷоми роҳкорҳои ҷаззобу нав дар ҳавзаи гардишгарӣ аз ҷумла ривоятгарӣ ва муаррифии фарҳанг, таърих ва тамаддуни байни ду кишвар анҷом шавад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп