Ноябр 15, 2022 17:52 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои гардишгарии Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон
    Густариши ҳамкориҳои гардишгарии Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон

Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон бо ҳадафи рушди ҳамокриҳои гардишгарӣ ва ширкатҳои мусофирати беш аз 50 санад имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, ин тавофуқот бо ҳадафи ҳамкории ҷадид байни ширкатҳои мусофирати ва гардишгарии Эрон, Тоҷикистон ва Узбакистон дар маҷмаъ рушди гардишгарии минтақай дар шаҳри Душанбе анҷом гирифта аст.

Санадҳои ҳамкори дар бахши гардишгари тавассути Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон, Тоҷикддин Ҷуразода, раиси кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон ва Эргашоҳ Исматов, сафири Узбакистон дар Тоҷикистон имзо шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки раёсати онро Муҳаммадтақии Собирӣ уҳдадор аст алоқамандаии Теҳронро барои тақвияти ҳамкориҳо дар рушди бахшҳои мухталифи гардишгари аз ҷумла гардишгарии таърихӣ, фарҳангӣ, зистмуҳити ва саломат эълом кард.

Кумитаи рушди гардишгарии давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ эълом кард дар чорчуби ин нишаст намоишгоҳи маҳсулоти дастсози саноатгарони тоҷик ва ҷилваҳое аз фурсатҳои гардишгарӣ ва вазъияти хадамоти ширкатҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон ироа шуд.

Намояндагони се кишвар муъаррифи фарҳангӣ миллӣ, одобу русум, ғизоҳо ва нушиданиҳо, таърих ва мероси фарҳангии ғании мардуми Тоҷикистонро заминасози рушди гардишгарӣ унвон карданд.

 

Барчасп