Дидори вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо
Дар дидори вазири хориҷаи Тоҷикистон ва масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо ҳамкорӣ байни ду тараф, аз ҷумла тақвият ва густариши равобити дуҷониба ва чандҷониба баррасӣ шуд.
Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: “Дарвозаи глобалӣ” барои рушди устувор мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардид.
Дар ин дидор масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.