Эҷоди сомонаи дифои ҳавоии муштараки Русия ва Тоҷикистон
Ноябр 23, 2022 17:15 Asia/Dushanbe
Русия ва Тоҷикистон сомонаи дифои ҳавоии муштарак эҷод мекунанд.
Семён Григориев, сафири Русия дар Душанбе ин изҳоротро дар ҷараёни тақдими эътиборномааш ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ кард.
Вай гуфт, чаҳорчӯби қарордодии эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии муштарак тавассути Русияву Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир мавҷуд аст. Кишварҳои мо мувофиқанд, ки ин ҳамкорӣ ба хотири авзои минтақа ва ташдиди танишҳои минтақаӣ лозим ва зарурӣ аст.
Григориев афзуд, ин сомонаи дифои ҳавоии Русия - Тоҷикистон таҳти назорати вазоратхонаҳои дифои ҳар ду кишвар эҷод хоҳад шуд.
Русия ва Тоҷикистон декабри 2021 тавофуқеро дар робита бо эҷоди як сомонаи дифои ҳавоии муштарак имзо карда буданд.
Барчасп