Мушорикати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар заминаи рушди тиҷорат
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i94808-Мушорикати_Тоҷикистон_ва_Бонки_Рушди_Исломӣ_дар_заминаи_рушди_тиҷорат
Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар мавриди иҷрои барнома ва меканизми ҳимоят аз тиҷорат гуфтугу карданд.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Ноябр 29, 2022 18:52 Asia/Dushanbe
  • Мушорикати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар заминаи рушди тиҷорат
    Мушорикати Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар заминаи рушди тиҷорат

Тоҷикистон ва Бонки Рушди Исломӣ дар мавриди иҷрои барнома ва меканизми ҳимоят аз тиҷорат гуфтугу карданд.

Ба гузориши Ховар, Ашрафҷон гулов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия бо Хани Салем Сонбол, раиси ширкати исломии тиҷорат ва дороӣ гуруҳи Бонки Рушди Исломӣ дидору гуфтугу кард.

Тарафайн бахши васеъи мавзуъоти ҳамкориро баҳсу табодули назар карда тақвияти он дар чорчуби барнома ва меканизми ҳимоят аз тиҷорӣ ва моли ин ширкатро муҳим арзёби карданд. Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 28 ноябр сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар 38-умин нишасти кумитаи доимии ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷории созмони ҳамкории исломӣ ширкат кард.