Коҳиши шадиди теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистон
Масдуд шудани теъдоде аз сойтҳо, коҳиши суръат ва афзоиши нархи хадамоти интернетӣ дар Тоҷикистон, мӯҷиби кам шудани шадиди теъдоди корбарон дар ин кишвар шудааст.
Ба гузориши сойти Toptj, наздик ба як сол аст, ки дар Тоҷикистон шабакаҳои иҷтимоӣ, “YouTube” ва “Фейсбук”, сойтҳои хабаргузории “Азия Плюс”, нашрияи “Озодагон” ва “Радиои Озодӣ” масдуд буда, теъдоди корбарони интернет 3 миллион нафар коҳиш ёфтааст.
Дар ҳоле, ки теъдоди корбарони интернет дар Тоҷикистон дар соли 2015 ба 3 миллиону 800 ҳазор нафар мерасид, акнун ба далели масдуд шудани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сойтҳои хабарӣ, дар соли ҷорӣ ҳамагӣ 800 ҳазор нафар аз хадамоти интернетӣ истифода кардаанд. Ҳамчунин муштарёни ширкатҳои телефони ҳамроҳи “Билайн”, “Tcell” ва “Мегафон” низ наметавонанд ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сойтҳои хабарӣ муттасил шаванд. Ҳарчанд масъулини бархе аз ин ширкатҳо мегӯянд, ки дар эъмоли маҳдудият барои дастрасии корбарон ба интернет даст надоранд, коршиносон ин мушкилро ба ислоҳи Қонуни мубориза бо терроризм дар ин кишвар дар соли 2015 муртабит медонанд. Зеро бар асоси ин қонун, акнун мақомоти амниятӣ метавонанд дар ҳар соат аз шубонарӯз иртиботи телефонӣ ва интернетии корбаронро қатъ кунанд.
Бо ин ҳол, Ғафурҷон Эркаев, раҳбари Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон, таъкид кардааст, ки эъмоли маҳдудият барои муштарён ба нафъи ширкатҳои мухорбитӣ дар ин кишвар нест. Вале муштарён метавонанд аз хадамоти шабакаҳои Вайбер, Ватсап ва Скайп, ки дар Тоҷикистон масдуд нестанд, барои муколимоти телефонӣ ва иртиботи видеоӣ истифода кунанд.