Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон : Сахттарин давраи таърихи башарият дар зиндагии сокинони кураи Замин фаро расидааст
(last modified 2022-12-01T13:22:04+00:00 )
Декабр 01, 2022 18:22 Asia/Dushanbe
  • Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон : Сахттарин давраи таърихи башарият дар зиндагии сокинони кураи Замин фаро расидааст

Эмомалӣ Раҳмон-раиси Ҷумҳурӣ Тоҷикистон гуфт : Тазоди манофеи абарқудратҳо барои тақсими муҷаддади ҷаҳон, тағироти обу ҳавоӣ ва бемориҳои вогир сахттарин давраи таърихи башарият дар зиндагии сокинони кураи Заминро рақам задааст .

Ба гузориши ИРНА ба нақл аз Азия-Плюс, Раҳмон дар нишасти кумитаи иҷроии марказии Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ( ҳизби ҳоким ) дар Душанбе тасреҳ кард : « Тазоди манофеи абарқудратҳо барои тақсими муҷаддади ҷаҳон ва дастрасӣ ба манобеи табиӣ, силоҳҳои зиддибашарӣ,оғози марҳалаи ҷадиде аз ҷанги сард, ташдиди ҷангҳои иттилоотӣ ва ҷароими кибернитикӣ ва ҳамчунин тағироти обу ҳавоӣ ва пайомадҳои он ва шуюъи бемориҳои вогиру мушкилоти дигар боис шудааст, ки сахттарин давраи таърихи башарият дар зиндагии сокинони кураи Замин бошад » .
Дар идома ӯ дар мавриди фаъолиятҳои ин ҳизб таъкид кард : « Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон нақши муассире дар зиндагии сиёсӣ ва умумии Тоҷикистон ифо мекунад ва дар шаклгирии фарҳанги сиёсӣ мушорикати шоистае дорад . »
Хотирнишон шуд ки имрӯзи теъдоди ташаккулҳои аввалияи ин ҳизб 6577 маврид ва теъдоди аъзои ҳизб 517388 нафар аст .

 

Барчасп