Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Ҷопон дидор кард
(last modified Sun, 04 Dec 2022 13:45:41 GMT )
Декабр 04, 2022 18:45 Asia/Dushanbe
  • Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Ҷопон дидор кард

Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон бо вазири умури хориҷаи Ҷопон дидор кард

Дар чорчӯби сафари корӣ ба Токио, Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Hayashi Yoshimasa, вазири умури хориҷаи Ҷопон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ин дидор, тарафайн дар мавриди вазъияти мавҷӯд ва чашмандоз тавсеаи равобити дуҷониба ва чандҷониба байни Тоҷикистону Ҷопон гуфтугӯ карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки дар таърихи 1 декабр дар Токио, ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсати Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазир дар ҳамоиши сармоягузории Осиёи Марказӣ таҳти унвони “эҷоди буҷет барои тавсеаи пойдор” ширкат кард.