Дурахшиши боксиёри зани тоҷик дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳони
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i95350-Дурахшиши_боксиёри_зани_тоҷик_дар_рақобатҳои_Ҷоми_Ҷаҳони
Боксиёри зани тоҷик нишони тиллои Ҷоми Ҷаҳониро ба даст овард.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Декабр 11, 2022 10:07 Asia/Dushanbe
  • Дурахшиши боксиёри зани тоҷик дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳони
    Дурахшиши боксиёри зани тоҷик дар рақобатҳои Ҷоми Ҷаҳони

Боксиёри зани тоҷик нишони тиллои Ҷоми Ҷаҳониро ба даст овард.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Миҷгона Самадова медали тиллои нуздаҳумин даври Ҷоми Ҷаҳонии боксро дар Русия касб кард.

Самадова дар вазни 57 килограм дар мусобиқот ширкат кард ва ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт дар финал боксиёри тоҷик варзишкори аз Русияро шикаст дод.

Нуздаҳумин даври мусобиқоти Ҷоми Ҷаҳонии бокс байни кишварҳои нехтхези Русия аз 5 декабр оғоз шуда ва то 11 декабр идома дорад.

Мусобиқот дар 13 вазни мардон ва 6 вазни бонувон баргузор шуд.