Декабр 11, 2016 21:18 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди созмонҳои рӯзноманигории Тоҷикистон аз набуди озодии баён

Ду ниҳоди хабарӣ ва расонаии Тоҷикистон таи баёнияе аз намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар ин кишвар хостанд, то ба тааҳҳудоти худ дар заминаи ҳуқуқи инсон ва озодии баён амал кунанд.

Дар ин баёния, ки ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳуқуқи башар мунташир шуд, омадааст, тибқи гузоришҳои созмонҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар ду соли ахир вазъи ҳуқуқи башар ва озодии баён дар Тоҷикистон вахимтар аз гузашта аст ва Тоҷикистон бо 34 зина суқут, дар муқоиса бо соли қабл, дар шохисҳои марбута дар соли 2016 дар ҷойгоҳи саду панҷоҳуми кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.

Дар ин баёния ҳамчунин омадааст, соли гузашта чандин расонаи тоҷик таътил шуданд ва бархе нашриёт низ дар вазъи мушобеҳ қарор гирифтаанд ва ҳамчунин беш аз 10 рӯзноманигор низ ин кишварро тарк кардаанд. Интиқод аз эъмоли маҳдудиятҳои ҳуқуқи башарӣ, набуди озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ ва ҳамчунин озодии баён ва андеша дар Тоҷикистон фақат марбут ба рафторҳои сахтгиронаи солҳои ахири давлати ин кишвар нест.

Собиқаи эъмоли ин маҳдудиятҳо дар ҳамаи давраҳои ҳаёти сиёсии ин ҷумҳурӣ дар даврони пеш ва пас аз истиқлоли Тоҷикистон вуҷуд дорад. Авҷи эъмоли маҳдудиятҳои сиёсӣ ва маданӣ дар Тоҷикистонро метавон дар мамнуияти фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони танҳо ҳизби исломӣ ва қонунии Осиёи Марказӣ ҷустуҷу кард. Номаҳои ин ҳизб ва раҳбарони он ба мароҷеъ ва ниҳодҳои ҳуқуқи башарии байналмилалӣ барои иодаи ҳайсият ва ҷилавгирӣ аз рафтори сахтгиронаи давлати Душанбе алайҳи ин ҳизб, ҳаргиз муассир воқеъ нашуд. Балки баръакс, ба мувозоти сиёсатҳои инқибозии давлати Душанбе алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин рафторҳо дар қиболи расонаҳо ва матбуоти тоҷик идома пайдо кард. Бо таваҷҷуҳ ба пешинаи вокуниши хунсо ва чашмпушии ошкори ин ниҳодҳо дар қиболи воқеиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон, баъид аст, ниҳодҳои мустақили байналмилалӣ битавонанд тағйири моҳавӣ дар сиёсатҳои давлати Душанбе алайҳи расонаҳо ва матбуот эъмол кунанд.

Воқеият он аст, ки мақомоти Тоҷикистон ба баҳонаи мубориза бо терроризм барои таъмин субот в амнияти кишвар, фазоии демократии ҷомеаро ҳадаф қарор додаанд. Озодиҳои маданӣ ва иҷтимоӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон қурбонии нигариши мақомоти ин кишвар барои таъмини амният ва суботи сиёсӣ ва иҷтимоӣ шуда ва ба баҳонае барои саркуби мухолифон ва маҳдудияти фаъолиятҳои расонаӣ табдил шудааст.

Интиқоди гузоришгари вижаи Созмони милал аз маҳдуд шудани озодиҳо, дар канори интиқоди Иттиҳоди Аврупо аз вазъияти иҷрои қонун ва озодии баён, дар канори гузоришҳои мутааддиди дидабони ҳуқуқи башар, ки дар интиқоди сареҳ аз Тоҷикистон дар хусуси набуд озодии баён матраҳ шудааст, дар ҳамин росто қобили арзёбӣ аст.

Бахши умдаи ин гузоришҳо низ муносибатӣ ва дар солрӯзҳои мухталиф мисли ҳуқуқи башар содира шудааст, бидуни инки ҳеч нақши таъинкунандае дар коҳиши маҳдудиятҳои эъмолшуда дар фаъолияти расонаҳои кишварҳои ҳадаф аз ҷумла Тоҷикистон дошта бошад. Ин қабил гузоришҳо умдатан ба василаи абзорӣ барои давлатҳои ғарбӣ ва сирфан барои эъмоли фишори онҳо бар давлатҳои ҳадаф ҷиҳати тағйири тасмим ва рафтори сиёсати хориҷии онҳо мавриди истифода қарор мегирад. Ба интиқоди ниҳодҳои расонаии тоҷик аз инфиоли созмонҳои байналмилалӣ дар қиболи маҳдудиятҳо ва сахтгирии давлати Душанбе алайҳи ҷомеаи расонаии Тоҷикистон, аз ҳамин зовия бояд нигарист.