Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии  Швейтсария ба муносибати 31-умин солгарди равобити дипломатики байни ду кишвар
(last modified 2022-12-12T14:24:00+00:00 )
Декабр 12, 2022 19:24 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии  Швейтсария ба муносибати 31-умин солгарди равобити дипломатики байни ду кишвар
    Паёми табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раиси Ҷумҳурии  Швейтсария ба муносибати 31-умин солгарди равобити дипломатики байни ду кишвар

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Инятсио Кассис, раиси Ҷумҳурии Шветсария паёми табрик ирсол карданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикисон ба Инятсио Кассис, раиси Ҷумҳурии Шветсария паёми табрик ирсол кард, ки дар он омада аст: Табрики самимонаи моро ба муносибати 31-умин солгарди барқарории равобити дипломатики байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шветсария бипазиред.

Боиси қаноатмандист, ки тайи давраи сипаришуда робитаҳои гуногунарсаи ҷонибҳо бомаром рушд ёфта, имрӯзҳо фарогири доираи васеи соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳои судманду созанда мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд: Тоҷикистон Швейтсарияро яке аз шарикони боэътимоди худ дар самти Аврупо дониста, ба ояндаи муносибатҳои шарикии ду кишвар, ки дар марҳалаи рушди босубот қарор гирифтаанд, нигоҳи мусбат дорад.

Мо ҳамвора алоқаманди иртиқои муассири ин равобит дар ҳамаи заминаҳои мавриди алоқаи дуҷониба ҳастем ва омодаем бо талошҳои муштарак ангезаҳои нави ба раванди тақвияти ва густариши онҳо бидиҳем.

Бо истифода аз ин фурсат барои ҷаноби оли, раиси ҷумҳур орзуи саломати ва мувафақият, сулҳу субот ва пешрафту саъодати рузафзун барои мардуми дусти Шветсария дорам.

 

Барчасп