Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Чин
(last modified Thu, 15 Dec 2022 06:23:16 GMT )
Декабр 15, 2022 11:23 Asia/Dushanbe
  • Дидори мақомоти Тоҷикистон ва Чин

Мақомоти Тоҷикистон ва Чин дар мавриди чамшмандози тавсеаи равобити порлумонӣ гуфтугӯ карданд.

Бино ба навиштаи сомонаи «Ховар», Рустам Латифзода,раиси гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо парлумони Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сафири Мухтор ва Фавқулодаи Ҷумҳурии Мардумии Чин Тсзи Шумин мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин, аз ҷумла ҳамкорӣ дар самти парлумон, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.

Рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими робитаҳои байнипарлумонӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки ҷонибҳо вобаста ба он табодули афкори судманд намуданд.

Дар анҷоми мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Чин минбаъд низ дар тамоми арсаҳо ба нафъи мардумони ҳарду кишвар ва сулҳу шукуфоии минтақа бемайлон густариш меёбад.