Декабр 17, 2022 14:07 Asia/Dushanbe
  • Раҳмон : Тасвиби ин қатънома гувоҳи афзоиши беш аз пеши эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст
    Раҳмон : Тасвиби ин қатънома гувоҳи афзоиши беш аз пеши эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст

Маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо тасвиби қатъномае соли 2025-ро ба унвони “ соли байналмиллалии ҳифозат аз пиряхҳо " эълом кард .

Ба гузориши Ховар, Эмомалӣ Раҳмон гуфт: Тасвиби ин қатънома гувоҳи афзоиши беш аз пеши эътибори Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Раиси ҷумҳӯри Тоҷикистон гуфт: Мо хушҳолем ки ибтикори мо бо дарки масъӯлият аз ҳимояти комили ҷомеъаи байналмилалӣ бархӯрдор шуд . Бидуни шак пазириши ин қатънома яъне панҷумин ибтикори Тоҷикистон, гувоҳи афзоиши беш аз пеши эътибори кишварамон дар арсаи ҷаҳонӣ аст .

Вай афзуд : Ман мутмаин ҳастам ки Тоҷикистон ҳамчунон кишвари мубтакири амал дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлиму соири мавзӯъот дар дастури кори байналмиллалии боқӣ хоҳад монд .
Дар таърихи 14 декабри соли 2022 маҷмаъи умумии Созмони Миллали Муттаҳид бо тасвиби қатъномаи вижаи худ панҷумин ибтикори Тоҷикистон дар заминаи обро ба иттифоқи оро тасвиб кард ва бар асоси ин қатънома соли 2025 ба унвони соли ҷаҳонии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ номида шуд .
Аз ибтидои соли 2025 ба баъд ҳар сол 21 март ба унвони Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳои табиӣ ҷашн гирифта мешавад .
Дар соли 2025 конфаронси байналмилалӣ дар сатҳи олии ҳифозат аз пиряхҳои табиӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад .

Бештар бихонед :

 

Барчасп