Декабр 12, 2016 15:07 Asia/Dushanbe
  • Қатъи барқи бархе манотиқи Тоҷикистон вориди сеюмин рӯзи худ шуд

Қатъи барқ дар манотиқи марказии Тоҷикистон, ки бар асари бориши барфи сангини шаби 10 декабр иттифоқ афтод, ҳануз рафъ нашуда ва сокинони ноҳияи Рӯдакӣ, бахшҳое аз навоҳии Ваҳдат ва Ёвон дар ҳумаи шаҳри Душанбе барои сеюмин рӯзи мутаволӣ аз барқ ва об маҳрум ҳастанд.     

Ба иттилои Авесто, мақомоти Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” бо тайиди ин хабар гуфтаанд, ки дар паи бориши барфи сангини шаби 10 декабри имсол, ки бо харобии хутут ва шикатсҳои тирҳои барқ ҳамроҳ буд, дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он интиқоли барқ қатъ шуд, ки акнун дар пойтахти Тоҷикистон сокинон бо барқ таъмин шудаанд.  

Тибқи ин гузориш, дар ноҳияи Рӯдакӣ ва бахшҳое аз он ноҳияҳои Ваҳдат ва Ёвон талоши кормандони Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” барои тармими хутути барқ идома дорад ва ба гуфтаи Фарҳод Юнусов, навбатдори ширкати барқи ноҳияи Рӯдакӣ интизор меравад, ки то авохири имрӯз интиқоли барқ ба ин манотиқ аз сар гирифта шавад.

Ҳамчунин ба далели қатъии барқ дар ин навоҳӣ махзанҳои об низ аз кор афтодаанд, ки ба мардум бо танкер обрасонӣ мешавад.  

Гуфта мешавад, ки навоҳии Рӯдакӣ ва Ваҳдат аз ҷумлаи пурҷамъияттарин манотиқи Тоҷикистон дар атрофи шаҳри Душанбе баҳисоб меоянд, ки акнун бо мушкили набуди барқ ва об рӯ ба рӯ шудаанд.  

Сокинони ин ду ноҳия бадалели лимити барқ, ки аз моҳи октябри имсол оғоз шуд, дар шабонарӯз 7 то 10 соат барқ доштаанд.  

 

Барчасп