Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ
Вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ, ки дар садри як ҳайати тиҷорӣ ба манзури ширкат дар ҳамоиши сармоягузории «Арабистони Саудӣ ва Тоҷикистон» вориди Душанбе шуда, бо раисиҷумҳури Тоҷикистон дидору гуфтугу кард.
Ба гузориши сомонаи Ховар, Холид Ал-Фолеҳ, вазири сармоягузории Арабистони Саудӣ дар раъси як ҳайати тиҷорӣ вориди Тоҷикистон ва бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури ин кишвар дидор кард.
Ба навиштаи манбаъ, дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.
Баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ ва Форуми сармоягузории Тоҷикистону Арабистони Саудӣ дар шаҳри Душанбе, барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнидавлатӣ дар ҳамаи соҳаҳо муҳим арзёбӣ карда шуд.
Таъмини рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат таъкид гардида, ҷонибҳо доир ба масъалаи ҷалби сармояи Арабистони Саудӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Ҷонибҳо барои тақвияти ҳамкорӣ дар самти сармоягузорӣ ҳавасмандӣ зоҳир намуда, зарурати ба роҳ мондани ҳамкории байнидавлатии амалиро дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, бунёди корхонаҳои муштарак дар ин соҳаҳо таъкид карданд.