Размоиши зиддиҳавоии Русия дар Тоҷикистон
Дафтари матбуотии Артиши Русия аз баргузории размоиши 40 рӯзаи зиддиҳавоии Русия дар Тоҷикистон ва бахшҳое аз хоки Русия хабар дод.
Ин размоиши ҳавоӣ бо ҳузури беш аз 800 воҳиди низомӣ, ки ба муддати 40 рӯз идома хоҳад дошт, дар бахшҳое аз хоки Русия ва Тоҷикистон оғоз шуд.
Гуфта мешавад, ки беш аз 3 ҳазор нерӯи тӯпхонаи зиддиҳавоии бахши марказии артиши Русия дар размоиши майдонии нерӯҳои ҳавоӣ, ҳамзамон дар манотиқи Оренбург, Астрахан ва Челябински Русия ва низ манотиқе дар Тоҷикистон ширкат доранд.
Қарор аст дар марҳалаи поёнии ин размоишҳо, ки то рӯзи 4 сентябр идома хоҳад дошт, аз оташбори воқеии сомонаҳои мушакии зиддиҳавоии "Buk-M2", "Tor-M2" ва "S 300" истифода шавад.
Чанде пеш аз ин низ Тоҷикистон ва Русия размоиши муштараки зидди терроризм баргузор карданд.
Дар ин размоиш нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ва Русия таҳти фармондеҳии муштараки муовини нерӯи заминии артиши Тоҷикистон ва фармондеҳи русии Пойгоҳи низомии 201 Русия тамриноти муштаракеро барои муқобила бо ҳар гуна ҳамлаи нерӯҳои ифротии хориҷӣ баргузор карданд ва барои аввалин бор дар размоишоти муштараки ду кишвар дар қаламрави Тоҷикистон аз ҳавопаймои бомбафкани "t-95" истифода шуд.
Ҳадафи ин размоиш низ мубориза бо терроризм ва иттихози тадобири амалӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ алайҳи гурӯҳҳои террористӣ унвон шуд.
Воқеият он аст, ки ҷануби Тоҷикистон бо манотиқи шимоли Афғонистон ҳаммарз буда ва тайи моҳҳои ахир фаъол шудани гурӯҳҳои Толибон ва ДИИШ нигарониҳои амниятиро дар он сӯйи марзҳои Афғонистон афзоиш додааст.
Барои мубориза бо ин ноамниҳо ва дар пӯшиши размоишҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон, тарафи русӣ илова бар интиқоли ҳавопаймоҳои таробарии "Руслан" ба Тоҷикистон, истгоҳҳои сайёри идорӣ ва системаи автоматии иртибототӣ ба шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мунтақил кардааст. Ин сомонаҳо илова бар имкони ирсол ва мухобираи ягонаҳо, сигналҳо ва фармонҳо, имкони фармондеҳии размоиш ва ҳамоҳангии иқдомоти низомиёни ду кишварро фароҳам мекунад.
Илова бар ин, вуҷуди ягонаҳои пиёданизоми моторӣ, танк ва тӯпхона дар размоишҳои муштараки ду кишвар зарурат ва аҳамияти ҳамкориҳои низомӣ ва амниятӣ миёни Маскав ва Душанберо нишон медиҳад.
Ба вижа, ки марзҳои табиӣ ва умдатан кӯҳистонии Тоҷикистон бо Афғонистон зарурат ва аҳамияти ҳифзи омодагӣ ва тавони амалиётии нерӯҳои марзбонии тоҷик ва низомиёни ин кишвар бо Русияро дар сарҳадоти Тоҷикистон ва Афғонистон барои ҷилавгирӣ аз густариши ноамниҳои Афғонистон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро дучандон кардааст.
Аз ин рӯст, ки размоишҳои муштараки Русия ва Тоҷикистон, ки умуман бо ҳадафи масдудсозӣ ва дафъи амалиёти душман анҷом мешавад, сайри афзунии чашмгире пайдо кардааст.
Зимни ин ки ҳамкориҳои дифоӣ, низомӣ ва амниятии Тоҷикистон ва Русия бахудии худ бистари тақвияти муносиботи ду кишварро дар дигар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иттилоотӣ фароҳам мекунад, ҳарчанд, ки сайри таҳаввулоти ҷории минтақа ва густараи ноамнӣ дар кишварҳое ҳамчун Афғонистон ва ҳатто Покистон ва низ нигаронӣ аз густариши ноамниҳо ба кишварҳои ҳамҷавори онҳо, ҳамаи ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои минтақаӣ таҳтушшуои худ қарор дода ва бар меҳвари ҳамкориҳои низомӣ, амниятӣ мутамарказ кардааст.
Баргузории размоишҳои муштараки пайдарпайи Русия ва Тоҷикистон низ дар ҳамин росто қобил арзёбӣ аст.