Такзиби мушорикати шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои густарда дар Қазоқистон аз сӯи Додситони кулли Тоҷикистон
(last modified 2023-01-08T12:51:17+00:00 )
Январ 08, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Такзиби мушорикати шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои густарда дар Қазоқистон аз сӯи Додситони кулли Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон мушорикати шаҳрвандони Тоҷикистон дар нооромиҳои густарда дар Қазоқистонро қотеъона рад кард.

Дар таърихи 5 январи соли 2023, дар порлумони ҷумҳурии Қазоқистон, Берик Асилов, додситони кулли Қазоқистон назареро дар мавриди дахолати шаҳрвандони соири кишварҳо, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нооромиҳои густарда, ки дар январи 2022 дар ин кишвар рух дод, баён кард. Маркази матбуотии Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон, аммо тайи баёнияе ба марокизи хабарӣ иттилоъ дод, ки Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон мушорикати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нооромиҳои густарда дар Қазоқистонро қотеъона рад мекунад.

Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон эълом кард, "Тибқи талаботи қонунгузории мурофиавии ҷиноятӣ дар раванди тафтишоти пешакӣ ҷамоварии далелҳо, ки ба қатори онҳо муайян кардани шахсияти гумонбаршудагон, ҳолати саломатӣ (дар қайди диспансерҳои наркологӣ ва психоневрологӣ будан), ҳолати оилавӣ, мавҷудияти ҷои зисти доимӣ ва бақайдгирӣ дар он, хислатномаи шахс ва дигар маълумотҳо пешбинӣ шудааст".

Аз январи соли 2023 Додситони кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ иттилооте аз додситонии кулли Ҷумҳурии Қазоқистон дар мавриди ироаи кумаки ҳуқуқӣ дар парвандаҳои ҷиноӣ ё соири иттилооти муртабит дар мавриди ҳаводиси фавқ дарёфт накардааст.

Маркази матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон эълом кард: Аз ин рӯ, Додситонии кулли Ҷумҳурии Тоҷикистон мушорикати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нооромиҳои густарда дар Қазоқистонро қотеъона рад мекунад.

Пеш аз ин, маркази матбуотии вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон ба “Ховар” аз адами мушорикати шаҳрвандони кишварамон дар нооромии умумии январи 2022 дар Қазоқистон иттилоъ дода буд. Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кард: Тоҷикистон ба таври расмӣ аз Қазоқистон иттилоотии мабнӣ бар мушорикати шаҳрвандони кишвар дар рӯйдодҳои мазкур дарёфт накардааст.

 

Барчасп