Дидори сафири Тоҷикистон бо сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i96590
Сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистон дар Тошканд дидор кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 09, 2023 17:00 Asia/Dushanbe
  • Дидори сафири Тоҷикистон бо сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистон

Сафири Тоҷикистон дар Тошканд бо сарпарасти вазорати хориҷаи Узбекистон дар Тошканд дидор кард.

Ба гузориши сомонаи вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, 6 январ вохӯрии Сафири Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо иҷрокунандаи вазифаи Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов баргузор гардид.

Дар рафти мулоқот муносибатҳои дуҷониба, татбиқи созишномаҳои тарафайн ва вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисод, энергетика, нақлиёт, саноат, илму маориф ва фарҳагу тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тарафайн бар омодагии  Тоҷикистон ва Узбекистон барои идомаи гуфтугуҳои сиёсии фаъол дар қолаби дуҷониба ва ҳимояти мутақобил дар чорчӯби ниҳодҳои байналмилалӣ таъкид карданд.