Сохти масирҳои ҷоддаӣ - меҳвари дидори мақомоти тоҷик ва Бонки Рушди Исломӣ
(last modified Wed, 11 Jan 2023 13:46:29 GMT )
Январ 11, 2023 18:46 Asia/Dushanbe
  • Сохти ҷоддаи «Гулистон - Фархор - Панҷ - Дӯстӣ»
    Сохти ҷоддаи «Гулистон - Фархор - Панҷ - Дӯстӣ»

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон ва намояндаи Бонки Рушди Исломӣ дар заминаи иҷрои пружаҳои сохти масирҳои ҷоддаӣ гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории “Форс” дар Душанбе, вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон бо намояндаи Бонки Тавсеаи Исломӣ дар Душанбе дидору гуфтугӯ карданд.

Дар ҷараёни ин дидор, зимни тамаркуз ба ҳамкорӣ дар ҷиҳати бозсозӣ ва сохти ҷоддаи «Гулистон - Фархор - Панҷ - Дӯстӣ» таъкид шуд, ки ин масир дар тавсеаи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аз нақши муҳиме бархурдор аст.

Дар идомаи ин дидор ҳамчунин бо тавваҷуҳ ба густариши зарфиятҳои ҳамлу нақли мусофирону маҳмулаҳо, тиҷорат дар манотиқи марзӣ, тақвияти бахши гардишгарӣ, коҳиши қимати маҳсулоту хадамоти ҳамлу нақл бар аҳамияти ҷодда таъкид шуд.

Вазири рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ҷоддаи «Гулистон - Фархор - Панҷ - Дӯстӣ» бахше аз бузургроҳи байналмилалӣ аст ва шароити хуберо барои дастрасӣ ба ҷодаҳои кишварҳои хориҷӣ фароҳам мекунад.

Гуфтанӣ аст, ки тӯли ин ҷодда 133 километрро ташкил медиҳад.