Мавҷи сармои шадид аз Русия ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон расид
(last modified Wed, 11 Jan 2023 14:19:38 GMT )
Январ 11, 2023 19:19 Asia/Dushanbe
  • Бориши барфи сангин дар Тоҷикистон
    Бориши барфи сангин дар Тоҷикистон

Бархе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ рӯзи сешанбеи 10 январ бо мавҷи сармои шадид рӯ ба рӯ шудаанд, ки тибқи пешбиниҳо то поёни ин ҳафта идома хоҳад дошт.

Ба гузориши “Шафақно”, ба нақл аз Би Би Си, ба гуфтаи ҳавошиносон ҳавои сард аз Волгаи Русия, минтақае васеъ дар бахши аврупоии ин кишвар вориди Осиёи Марказӣ шудааст.

Идораи ҳавошиносии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки аз рӯзи сешанбе то 14 январ дар саросари кишвар бориши барфу борон шуруъ шуда, ҳаво сард хоҳад буд.