Январ 19, 2023 18:42 Asia/Dushanbe
  • 4 мувофиқатномаи кумаки молии байни Тоҷикистон ва Иттиҳодияи тавсеаи байналмиллалӣ имзо шуд

Дар 18 январ 4 мувофиқатномаи кумаки молии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи тавсеаи байналмиллалӣ дар Душанбе имзо шуд .

Мувофиқатномаҳо тавассути Файзиддин Қаҳҳорзода-вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озан Севимлӣ- намояндаи доими Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон имзо шуд .
Қарордоди нахусти кумаки фаннӣ барои таъмини молии пружаи барқӣ-обии “ Роғун ” аст .
Ҳадафи ин пружа тавсеаи сохтори молӣ ва мабнои тиҷории “ Роғун ”, афзоиши пойдории зистмуҳитӣ ва иҷтимоии он, афзоиши шафофияту ҳимоят аз иҷрои барномаи фоидаоварии ин  неругоҳ аст .
Кулли ҳазинаи кумакҳои фаннии 11.7 миллион ҳаққи қарзи вижаи муодили 15 миллиондолларии Амрико аст .
Дуюмин мувофиқатномаи молии пружаи ҳимоят аз сиёсати тавсеаи пойдору устувор Тоҷикистон аст . Ҳадафи ин пружа ҳимоят аз давлати Тоҷикистон барои тақвияти сиёсати тавсеаи пойдору устувор аз тариқи беҳбуди шароити сармоягузории бахши хусӯсӣ, афзоиши короӣ, шафофияту посухгуии бахши умумӣ аз ҷумла ширкатҳои давлатӣ ва тақвияти тобоварии иҷтимоӣ ва муҳитӣ дар баробари шароити буҳронӣ аст .
Сеюмин мувофиқатномаи таъмини молӣ буҷети изофӣ барои пружаи пойдории кишоварзӣ аст . Ҳадафи аслии ин пружа тақвияти бунёни бахши кишоварзии пойдору ҳимоят аз мудохилоти изтирорӣ барои ҳалли мушкилоти ғизоӣ дар Тоҷикистон аст . Чаҳорумин тавофуқнома ироаи пешпардохт барои омодасозӣ пружаи сохти нерӯгоҳи хуршедии хусусӣ дар вилояти Суғд аст . Дар чорчӯби ин қарордод 1.5 миллион доллари Амрико ба унвони пешпардохт ироа шудааст .

 

Барчасп