Саҳмияи 7 000 нафарии ҳаҷ барои Тоҷикистон
(last modified Mon, 23 Jan 2023 13:02:05 GMT )
Январ 23, 2023 18:02 Asia/Dushanbe
  • Саҳмияи 7 000 нафарии ҳаҷ барои Тоҷикистон
    Саҳмияи 7 000 нафарии ҳаҷ барои Тоҷикистон

Арабистони Саудӣ ба Тоҷикистон саҳмияи 7 000 нафарӣ ҷиҳати анҷоми маросими ҳаҷ дар соли 2023 ихтисос дод.

Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, тавофуқномаи муртабит дар ҷараёни боздиди ҳайати тоҷикӣ таҳти раёсати Сулаймон Давлатзода, раиси кумитаи мазкур аз Арабистони Саудӣ ба имзо расид.

Теъдоди саҳмияҳо барои Тоҷикистон баъд аз лағви тамоми маҳдудиятҳои марбут ба корона афзоиш ёфтааст.

Бо ин ҳол, интизор мерафт, ки бо лағви тамоми маҳдудиятҳо саҳмияи Тоҷикистон барои адои маросими ҳаҷ монанди солҳои қабл аз ҳамагирии корона 8. 5 ҳазор нафар хоҳад буд.

Ҳамагирии корона дар Арабистони Саудӣ дар солҳои 2020 - 2021 танҳо ба теъдоди маҳдуде аз ҳуҷҷоҷ ва дар соли 2022 ба 1 миллион нафар иҷозаи ҳузур дар ҳаҷро дод.

Бо ин ҳол, соли гузашта танҳо афроди 18 то 65 солаи комилан ваксинашудаву дорои масуният аз вируси ҳамагир ва фоқиди бемориҳои музмин тавонистанд ба ҳаҷ мушарраф шаванд.

Соли гузашта саҳмияи 3. 5 ҳазорнафарӣ барои Тоҷикистон дар назар гирифта шуд, ки хароҷоти ҳаҷ барои ҳар зоир дар соли 2022, 61 ҳазор сомонӣ буд.

Дар мавриди ҳазинаи ҳаҷҷи имсол, Кумитаи дини Тоҷикистон хотирнишон кард, ки ин арқом пас аз дарёфти феҳристи довталабони анҷоми маросими ҳаҷ мушаххас хоҳад шуд.