Афзоиши 11 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Узбекистон дар соли 2022
(last modified Thu, 26 Jan 2023 14:28:09 GMT )
Январ 26, 2023 19:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши 11 дарсадии мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Узбекистон дар соли 2022

Мубодилоти тиҷории Тоҷикистону Узбекистон дар соли гузашта нисбат ба соли 2021 милодӣ 11.3 дарсад афзоиш доштааст .

Ба гузориши хабарнигори хабаргузории Форс дар Душанбе, ҳаҷми гардиши молии байни Тоҷикистону Узбекистон дар соли гузашта 674.4 миллион долларро ташкил дод, ки нисбат ба як сол қабл рушди 11.3 дарсадӣ доштааст .
Кумитаи давлатии омори Узбекистон бо эъломи ин матлаб навишт : Содироти маҳсулоти тоҷикӣ дар соли гузашта ба ин кишвар 154.5 миллион долларро ташкил дода, ки нисбат ба соли 2021 рушди 49.1 дарсадӣ доштааст .
Воридоти колоҳои Узбекистон ба Тоҷикистон таи ин давра бо рушди 3.5 дарсадӣ дар қиёс ба соли 2021 ба 519.9 миллион доллар расидааст .
Тоҷикистону Узбекистон барои тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ аҳамияти зиёде қоил ҳастанд. Тоҷикистон асосан барқ, семент ва нахи пунбаро ба Узбекистон содир ва гази табиӣ, дорӯҳои менералӣ,фаровардаҳои нафтӣ, лавозими хонагӣ ва ғайраро ворид мекунад.