Январ 31, 2023 19:07 Asia/Dushanbe
  • Талошҳои комисяи муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон барои таъини ҳудуди марзӣ
    Талошҳои комисяи муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон барои таъини ҳудуди марзӣ

Коргуруҳи комисяи муштараки аломатгузории марзи Узбакистон-Тоҷикистон раванди тарсими нақшаҳои марзиро барраси карданд.

Номушахас будани ҳудуди марзи имруза тақрибан тамоми ҷумҳуриҳои ҷудошуда аз Шуравиро дучори ихтилоф карда аст ин ихтилофот бархе аз ин ҳамсоягон мисли Тоҷикистон ва Қирғизистонро то даргирии низоми пеш бурда аст.

Неруҳои ду кишвар то кунун чандин бор дар манотиқи марзи бо якдигар даргир шуданд, аммо бархе дигар аз ин кишварҳои ҳамсоя пеш аз вуқуъи ҳаргуна даргирии низоми ба таъини ҳудуди марзи тасмим мегиранд.

Ба гузориши хабарнигори Форс дар Тошканд гуруҳи кории комисяи муштараки аломатгузории марзҳои муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон дируз раванди танзими нақшаҳои марзбандиро барраси карданд.

Аъзои ин комися дар бархе аз манотиқи марзи мутолеъоти заминиро анҷом доданд, нишасти қаблии ин комисяи муштарак 23 январ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд.

Нишасти баъдии аъзои ин комисяи муштарак дар хоки Узбакистон баргузор мешавад Узбакистон ва Тоҷикистон 1326 километр марзи муштарак доранд ва коршиносон то кунун 1319 километр аз хати тамоси байни кишварро мушахас карданд.

Барчасп