Сафири Тоҷикистон дар Туркия: Равобити байни ду кишвар дар сатҳи матлубе қарор дорад
(last modified 2023-02-01T07:09:24+00:00 )
Феврал 01, 2023 12:09 Asia/Dushanbe
  • Сафири Тоҷикистон дар Туркия: Равобити байни ду кишвар дар сатҳи матлубе қарор дорад
    Сафири Тоҷикистон дар Туркия: Равобити байни ду кишвар дар сатҳи матлубе қарор дорад

Сафирри Тоҷикистон дар Туркия гуфт: Мақомоти ду кишвар аз ибтикорот ва мавозеи як дигар дар арсаи байналмиллалӣ ҳимоят мекунанд.

Ба гузориш Садои Хуросон, Ашраф Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия ба муносибати фарорасидани 31 соли барқарории равобити дипламатики Туркия ва Тоҷикистон гуфт: Фазои матлуби эътимод, бастарҳои сиёсӣ ва ҳуқуқи лозим ва абзорҳои тазминии ҳамкориҳои мутақобили судманд эҷод шудааст.

Ӯ афзӯд: Тоҷикистон ва Туркия дар мавриди муҳимтарин масоили байналмиллалӣ ва минтақаӣ мавозеи яксон ё мушобеҳ доранд, онҳо аз ибтикорот ва мавозеи созандаи як дигар дар арсаи байналмиллалӣ ҳимоят мекунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Туркия изҳор кард, дар 31 соли равобит байни Тоҷикистон ва Туркия раисҷумҳӯрии Тоҷикистон ( дар солҳои 1996, 1998, 1999, 2006, 2009, 2010, ва 2012) ба Анкара сафар кард.

Ҳамчунин руасои Ҷумҳӯри Туркия дар солҳи ( 1995, 2001, 2009, ва дар июни 2019) аз Тоҷикистон боздид кардаанд ва тамоми ин сафарҳо ва дидорҳо саҳфоти ҷадиде дар равобити ду кишвари дӯст ва бародар гушуда шудааст.

Вай идома дод дар ин муддат мақомоти ду кишвар ҳудуди 70 қарордод ва ёддошти тафоҳум ва асноди ҳамкори имзо карданд.

Туркия 16-уми декабри 1991 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар 29-уми январи 1992 равобити дипламатики худро бо Тоҷикистон барқарор кард.

Барчасп