Феврал 04, 2023 17:31 Asia/Dushanbe

Маросими хуҷастаи милоди ҳазрати Алӣ (а) ва рӯзи падар дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон баргузор шуд.

Имрӯз (шанбе) сездаҳуми раҷаби соли 1444 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 4 феврали 2023 , солрӯзи вилодати босаодати ҳазрати Алӣ (а), аст.

Ҳазрати Алӣ ибни Абутолиб (а) дар сездаҳуми моҳи раҷаб мутаваллид шуд дар ҳоле, ки девори хонаи Каъба ба рӯи модарашон Фотима бинти Асад, шикофт ва он бонӯи бузургвор барои таваллуди фарзандаш вориди хонаи Каъба шуд.

Ҳазрати Алӣ (а) аз даврони кӯдакӣ ва навҷавонӣ назди Расули гиромии Ислом (с) парвариш ёфтанд.

Эшон дар ҳамаи мароҳили таблиғу тарвиҷи дини мубини Ислом, аслитарин ёри Набии Акрам (с) башумор мерафтанд.

Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон солрӯзи вилодати ҳазрати Алӣ(а), "Рӯзи падар" номгузорӣ шудааст.

Маросими хуҷастаи милоди ҳазрати Алӣ (а) ва рӯзи падар дар маҳали сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо ҳузури сафир, аъзои сафорат, шахсиятҳои фарҳангӣ ва адабии тоҷику ҷамъи зиёде аз эрониёни муқим баргузор шуд.

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Тоҷикистон бо табрику таҳнияти милоди саросар нуру пурхайру баракати ҳазрати Алӣ (а) ва рӯзи падар, гуфт, “ҳазрати Алӣ (а) , намунаи қудрати комилаи илоҳӣ ва калимаи тома парвардгор аст, ки абъоди шахсиятии номутаноҳӣ дорад”.

Вай афзуд, ҳазрати Алӣ (а) чунон уқёнусе аст, ки иҳота бар ҳамаи абъодаш дар як нигоҳ, ки ҳеҷ, дар як мутолиаи тӯлонӣ ҳам барои инсон муяссар нест.

Собирӣ бо баёни инки «ин сухан албатта, на фақат дар бораи мақомоти малакӯтӣ ва ирфонии ҳазрати Алӣ (а) содиқ аст, балкӣ ҳатто абъоди амалии зиндагии он бузургвор, яъне ончӣ ки марбӯт ба ҳукӯмату сираи рафтории эшон аст ҳам воқеан дар ҳеҷ баёне намегунҷад», тасреҳ кард: Ба ҳар ҳол ончӣ ки медонем, инсоне аст, ки баландтарин қуллаи башарият аст ва наметавон ба он таваҷҷуҳ накард ва ба самташ ҳаракат нанамуд. Лизо хушбахтона бо вуҷӯди ин ҳайрат, аз ҳар тараф, ки вориди дарёи азими фазоилу маноқиби он ҳазрат бишавем ва ҳар риштае аз риштаҳои маҳомиди башариро, ки матраҳ кунем, файзи азиме насибмон хоҳад шуд ва аз ин дарё баҳраҳо хоҳем бурд.

Сафири Эрон дар идомаи суханони худ афзуд, шахсияти ҳазрати Алӣ (а) таркибе аз аносуре аст, ки ҳар кадом ба танҳоӣ як инсони олимақомро агар бихоҳад ба авҷи он бирасад, ба зонӯ дар меоварад. Ҳазрати Алӣ (а) дар ҳамаи инҳо дар ҳадди аъло аст. Албатта боз бояд такрор кунем, ки ин матлаб ҳам дар бораи ҳамон бахш аз чеҳра ва ҳувияту шахсияти ӯ аст, ки инсонҳо метавонанд онро бибинанд ва ба он биандешанд ва аз он сармашқ бигиранд. На абъоди малакӯтӣ ва ирфонии он ҳазрат. Дар ҳамин бахш аст, ки метавон сад сифат аз авсофи камолии инсонро баршумурд, ки ҳазрати Алӣ (а) дар ҳамаи онҳо қулла аст ва ин авсоф ончунон васеа ва густардаанд, ки барои ҳар як, ҳаддиақал бояд як китоб навишт.

 

Барчасп