Феврал 04, 2023 19:34 Asia/Dushanbe
  • Муаррифии сармураббии ҷадиди тими миллии гуштини озоди Тоҷикистон

Сармураббии ҷадиди тими гуштини озоди Тоҷикистон муаррифӣ шуд.

Юсуф Абдусаломов, барандаи медали нуқраи  Бозиҳои олимпии Пекин-2008, сармураббии ҷадиди тими гуштини озоди Тоҷикистон шудэ.

Ба гузориши сомонаи Ховар, байни Федератсияи гӯштини Тоҷикистон ва мураббии нави дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ — гӯштингири маъруфи тарзи озод, барандаи медали нуқраи Бозиҳои олимпии Пекин-2008, чемпиони Осиё-2003 ва барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон-2007 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ҳоло мураббӣ Юсуф Абдусаломов созишномаи корӣ ба имзо расид.

Роҳбарияти Федератсияи гӯштини Тоҷикистон номзадии Юсуф Абдусаламовро ба вазифаи мураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба гӯштини озод тасдиқ кард.

 

Барчасп