Эъломи замони ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон
(last modified Sun, 05 Feb 2023 05:34:38 GMT )
Феврал 05, 2023 10:34 Asia/Dushanbe
  • Эъломи замони ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон
    Эъломи замони ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

Замони ифтитоҳи бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон эълом шуд.

Раиси кумитаи дини Тоҷикистон эълом кард масҷиди ҷомеъи шаҳри Душанбе дар се моҳи дувуми соли 2023 ифтитоҳ хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Сулаймон Давлатзода эълом кард: Боздиди расмии мақомоти Қатар ба Тоҷикистон барномарези шуд ва ин масҷид бо мушорикати ҳайати қатарӣ расман ифтитоҳ мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон ин масҷид, ки бузургтарин масҷиди Осиёи Марказӣ аст қарор буд дар августи соли 2020 ифтитоҳ шавад, ки ба далели густариши Ковид-19 ба таъхир афтод.

Ин тарҳ 100 миллион доллар бо назорати мустақами Эмомалӣ Раҳмон раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро шуд ва Қатар ҳудуди 70 дарсад аз ҳазинаи ин тарҳро бар уҳда гирифта аст.

Масҷиди ҷомеъи Душанбе дар замини ба масоҳати 12 гектар сохта шуд ва илова бар салонҳои намоз, дорои китобхона, осорхона ва салони иҷтимоъот аст ин масҷид гунҷоиши 120 ҳазор намозгузоро дорад.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 2000 масҷид аст.