Феврал 15, 2023 11:12 Asia/Dushanbe
  • Доварии довари тоҷик дар дидорҳои марҳилаи поёнии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 Узбакистон
    Доварии довари тоҷик дар дидорҳои марҳилаи поёнии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 Узбакистон

Довари тоҷик, дидорҳои марҳилаи поёнии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар Узбакистонро довари хоҳад кард.

Ба гузориши Садои Хуросон, Гулмуроди Саъдуллоҳ, ба унвони довари дидорҳои марҳилаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023, ки аз 1 то 18 март дар Узбакистон баргузор мешавад, таин шуд.

Иловабар Гурмуроди Саъдуллоҳ, ду намояндаи дигари Тоҷикистон низ дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷавонони Осиё дар Узбакистон, аз ҷумла  Вафо Қараев, кумак довар ва Рустам Абдуллоев, раиси  Департменти доварӣ ва бозрасии Федератсияи футболи Тоҷикистон дар ин рақобатҳо ҳузӯр доранд.

16 тим дар марҳали поёнии Ҷоми миллатҳои Осиё 2023 дар байни тимҳои зери 20 сол ҳузӯр доранд.

Тими ҷавонони Тоҷикистон (зери 20 сол) дар гурӯҳи  C ба майдон мераванд. Руқабои  тими Тоҷикистон тимҳои миллии Урдун (2 март) Умон( 5 март) ва Кареяи Ҷанубӣ (8март) хоҳанд буд.

Бештар бихонед:

Барчасп