Роҳёбии тими футболи зери 17 соли Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023
Октябр 10, 2022 15:16 Asia/Dushanbe
Тими футболи зери 17 соли Тоҷикистон ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023 роҳ ёфт.
Ба гузориши «Азия Плюс», тими футболи навҷавонони Тоҷикистон (зери 17 сол) бо ҳидояти Раҳматуллоҳ Фузайлов дар гуруҳи "H" муқаддамотии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023 аввал шуд ва ба марҳалаи поёнии ин рақобатҳо роҳ ёфт.
Навҷавонони Тоҷикистон дар даври поёнии марҳалаи муқаддамотӣ тими Афғонистонро бо натиҷаи ду бар сифр шикаст дод, голҳои Беҳрӯз Хоҷаев ва Диловар Ҷамшедзода се имтиёзро барои тими Тоҷикистон ба армуғон овард.
Илова бар тими ҷавонони Тоҷикистон тими миллии Афғонистон низ аз гуруҳи «H» ба марҳалаи ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё - 2023 роҳ ёфт.
Макону замони дақиқи бозиҳои Ҷоми миллатҳои Осиё -2023 ҳанӯз мушаххас нест.